ҷаҳл

ҷаҳл
[جهل]
а
1. нодонӣ, ҷаҳолат, беилмӣ; ҷаҳли мураккаб нодонии худро надониста худро доно шуморидан, нодонии аз ҳад зиёд; аз сари ҷаҳл ба сабаби нодонӣ
2. гуфт. хашм, қаҳр, ғазаб; ҷаҳли касеро овардан касеро ба ғазаб овардан, хашмгин кардан; аз аспи ҷаҳл фуровардан қаҳру ғазаби касеро паст кардан; аз ҷаҳл фуромадан ором шудан, таскин ёфтани хашмгинии касе; ба аспи ҷаҳл савор шудан ғазабнок шудан; гардани ҷаҳл шиканад! дар мазаммати хашм барои паст кардани хашми касе гуфта мешавад

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»